Кӯдакдузд боздошт ва чор кӯдак озод шуданд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нафаре, ки ду рӯз қабл дар кӯчаи Испечак-2 -и шаҳри Душанбе кӯдаки 5-соларо рабуда буд, боздошт шудааст.
Сомонаи ин ниҳод навиштааст, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Абдусалом Раҷабов, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Тоштеппаи ноҳияи Шаҳринав (соли 2010 бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст)-ро дастгир карда, ноболиғ Муҳаммадҷони Абдуҷабборро ба волидайнаш баргардонидаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар вақти гузаронидани санҷиш маълум шуд, ки Абдусалом Раҷабов рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Қурғонтеппа низ ноболиғон Хусрав Орифҷонов, соли таваллудаш 2004, Фаррухҷон Орифҷонов, соли таваллудаш 2003 ва Фозилҷон Буриев, соли таваллудаш 2002-ро бо баҳонаи чидани гелосу олу ҳамроҳи худ ба ноҳияи Бохтар бурдааст. Худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони мазкур муайян ва дарёфт шуданд.
“Зимни таҳқиқи ҳодиса муайян карда шуд, ки Абдусалом Раҷабов бемории руҳӣ дошта, дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳӣ бо хулосаи “Маҷзубияти параноиди равандаш бетанаффус” дар қайд мебошад. Ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дорад.