Қарор буд, чархаи дувуми нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шавад. Аммо ин маросим ба таъхир гузошта шуд. Нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” бо сармояи Тоҷикистону Эрон бунёд ёфта, 12,5 сол дар ихтиёри Теҳрон ва сипас ба ихтиёри Душанбе вогузор хоҳад шуд. “Озодагон” аз соҳибназарону масъулин пурсид, ки чаро ифтитоҳи чархаи дувуми “Сангтӯда 2” ба таъхир меуфтад?