Муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар се моҳ 680 млн. $ фиристодаанд
Узбакистону Тоҷикистон дар мавриди интиқоли пул аз Русия миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар сафи пеш қарор гирифтаанд.
Бонки марказии Русия эълон дошта, ки дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ин кишвар ба Узбакистон 1,031 миллиард ва ба Тоҷикистон 680 миллион доллар интиқол дода шудааст, ки ин нишон дод нисбат ба дигар кишварҳо зиёд мебошад.
Ба иттилои манбаъ, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2013 аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) 3,572 миллиард доллар интиқол ёфтааст.
Интиқоли маблағ аз кишварҳои мазкур ба Русия дар ҳамин давраи муайяни соли ҷорӣ 606 миллион долларро ташкил додааст, ки аз ин нишондод аз ҳама бештар аз Қазоқистон 132 миллион доллар, аз Узбакистон 127 миллион ва аз Тоҷикистон 91 миллион доллар мебошад. Аз ҳама кам аз Туркманистон ба Русия интиқоли пул сурат гирифта, ки ҳаҷми умумии он 10 миллион доллар мебошад.