Марги пиёдагарди 43-сола дар зери чархи мошини подполковник
Умар Шарифов, подполковники БДА (ГАИ), дар километри 15-уми роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа бо “Мерседес-Бенз”-аш пиёдагард Хайриддин Ҷалилови 43-соларо пахш кардааст.
Маҳмадшариф Шамсов, масъули дафтари матбуоти Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса шаби нуҳум ба даҳуми июн иттифоқ уфтода, дар пайи он Хайриддин Ҷалилов фавтидааст.
Ба ин савол, ки ҳодиса чигуна рух додааст, оқои Шамсов танҳо гуфт, “подполковники БДА -- Умар Шарифов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст”.
Бино ба иттилои мақомоти БДА, дар тӯли панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди кишвар ҳудуди 501 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 151 нафар ба ҳалокат расида, 547 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.