Ҳаррокс: Мо аз талошҳои ҳамтоён барои озодии Усмонов қадрдонӣ мекунем
Хабарнигори бахши ӯзбакии радиои Би-би-сӣ, Ӯрунбой Усмонов пас аз як моҳи боздошт, ҳамакнун дар иҳотаи наздикону пайвандонаш дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари душанбегии ин радио иттилоъ доданд, корманди боздоштшудаашон, ки акнун дар озодист худро нағз эҳсос мекунад. Ба қавли худи ӯ «хаста аст, аммо хеле шод».
Дар ҳамин ҳол, Би-би-сӣ дар баёнияи марбут ба озодии Ӯрунбой Усмонов навиштааст, ки “авлавияти мо (шабака) ин аст, ки Ӯрунбойро дар миёни хонаводааш бубинем.” Зимнан, дар гузориш ва ё худ ин баёния омадааст, Усмонов пас аз зӯҳри 14-уми июл таҳти шароити вижа аз боздошт озод шуда ва ба куллия афроде, ки аз ӯ тарафдорӣ мекунанд, ибрози сипос кардааст. “Мо мунтазирем, аз ҷузъиёти бештари шароити озодии Усмонов огоҳ шавем, аммо то ҷое маълум аст, ӯ то замони баргузории муҳокимаи додгоҳ дар Хуҷанд хоҳад буд.” Питер Ҳаррокс, раиси бахши ҷаҳонии шабакаи Би-би-сӣ дар мавриди озодии Ӯрунбой Усмонов гуфт, мо аз ин ки мақомоти Тоҷикистон ба дархостҳои мо гӯш доданд, истиқбол мекунем, мо бовар дорем, ки Ӯрунбой бегуноҳ аст ва ҳар коре ки ӯ кардааст, фаъолияти журналистиаш барои Би-би-сӣ буд. Ҳаррокс, аз куллияи афроде, ки аз Усмонов то ин замон пуштибонӣ кардаанд, изҳори ташаккур карда навиштааст: “Мо медонем, ки хонавода ва дӯстони Ӯрунбой аз бозгашти ӯ ба хонааш шоданд ва аз талошҳое ки ҳамкорон дар Би-би-сӣ ва ҷаҳон дар ин замина кардаанд, қадрдонӣ мекунем.”
Ёдрас менамоем, хабарнигори радиои «Би Би Си» (BBC) дар вилояти Суғд Ӯрунбой Усмонови 59-сола, рӯзи 13-уми июни соли равон аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардида буд. Зимни ташреҳи қазияи мазкур, дафтари матбуотии ВКД эълом дошт, ки дастгиршуда аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ҳизби ғайриқонунии «Ҳизб-ут-таҳрир» шомил шуда, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Ҳамчунин гуфта мешуд, Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст.
Боздошти Ӯрунбой Усмонов тайи як моҳи ахир, миёни журналистон, сафороти мухталифи кишварҳои дунё, ИА ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон бозтоби вижаеро касб карда, номи ӯро дар сархати ахбори расонаҳо қарор дод.{jathumbnail off}