Талоши Рустами Эмомалӣ барои ҳамкории бештари футболбозони тоҷику Ҷопон
Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ноиби президенти Ассотсиатсияи футболи Ҷопон, Козо Ташима, ёддошти ҳусни тафоҳумро имзо намудааст.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, дар маросими имзои ин ҳуҷҷат, 9-уми июн дар шаҳри Душанбе изҳор доштааст, ки мақсад аз имзои ин ҳуҷҷат рушди футбол дар Тоҷикистону Ҷопон, таҳкими равобити дӯстонаи байни ҳар ду кишвар, ҳамчунин табодули таҷрибаи футбол мебошад.
Ҳамкориҳо миёни Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Асосиатсияи футболи Ҷопон, соли 2010-ум оғоз ёфтаанд.