"Нафаре аз уламо мардумро ба дастбӯсӣ амр накардааст”
Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, бӯса кардани дасти олимонро раво хондааст.
Эшони Нуриддин дар ин бора дар посух ба яке аз хонандаҳои торнамо ё сайти хонаводагии оли Тӯраҷон ҳарф задааст. Ӯ гуфта, ки бӯса кардани дасти олим як амали ҷоиз ва мустаҳаб мебошад. “Касе аз уламо мардумро ба ин кор амр накарда аст, балки ин худи мардуманд, ба хотири муҳаббати доштаашон нисбат ба олимон дастони онҳоро бӯса мекунанд”,-гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи ин рӯҳонии саршиноси тоҷик, дар замони паёмбари Ислом (с) саҳобагон ва ёронаш дасти ӯро мебӯсидаанд: “Абудовуд ривоят карда аст Усома ибни Шурайк мегӯяд, мо ба сӯи Паёмбар (с) хестем ва дасти ӯро буса кардем...”
Ин дар ҳолест, ки бӯса намудани дасти олимон ва рӯҳониёни саршинос дар Тоҷикистон ба як амали маъмулӣ табдил ёфта, баҳсҳои тундеро ба миён овардааст. Дар гузашта худи Эшони Нуриддин борҳо таъкид кардааст, ки ҳаводоронаш метавонанд дасти ӯву бародаронашро набӯсанд, чун ба гуфтаи ӯ, дастбӯсӣ метавонад баъзе бемориҳоро бигузаронад.
Бо ин ҳама, дастбӯсии рӯҳониён як навъ эҳтиром ба рӯҳониёни маъруф дониста мешавад ва ин корро на ҳама, балки танҳо ҳаводорони онҳо анҷом медиҳанд.