Ҷавонони Бадахшон сиёсати иқтисодиро баҳс мекунанд
Дар Бадахшон як мусобиқаи мубоҳисавӣ миёни ҷавонон дар мавзӯи бурду бохти сиёсати мавҷудаи иқтисодӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Маркази бозори озоди Тоҷикистон барои аввалин бор 16 июни соли 2013 бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад ва Фонди Фридрих Науманн ва Фонди пажуҳишҳои иқтисодии «Атлас» мусобиқаи мубоҳисавии минтақавӣ «Ҷоизаи бозори озод - Бадахшон 2013» дар мавзӯҳои андозбандӣ, танзими давлатии иқтисодӣ, савдои байналмилалӣ баргузор мегардад.
Ташкилкунандагон ҳадаф аз чорабинии мазкурро, ки аз рӯйи шакли парламентии амрикоӣ сурат мегирад, афзун кардани донишҳои иқтисодии ҷавонон тавассути мубоҳисаҳо арзёбӣ мекунанд. Ин мусобиқа соати 09:00 дар шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин 109, Маркази ҷавонон оғоз меёбад.