Эмомалӣ Раҳмон фармони ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси миллиро содир кард
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон хостори даъвати иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон шудааст.
Тибқи ин фармон ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии парлумон 12-уми июни соли ҷорӣ даъват шуда, ба баррасии он масъалаҳои зерин пешниҳод мешавад:
-Қонунҳо «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон», қонун «Оид ба ворид намудани илова ба қонун «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», қонун «Оид ба ворид намудани илова ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва қонун «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун «Дар бораи нотариати давлатӣ».