"Итолиё бояд ҳодисаи рабудани наздикони Мухтор Аблязовро шарҳ диҳад"
Созмони ҷамъиятӣ дар умури ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон дар изҳороте ба сафири Итолиё дар Остона гуфтааст, “бидуни огоҳӣ вориди манзили зисти Мухтор Аблязов шудани пулис ғайриқонунӣ буда, ҳуқуқшиносон онро маҳкум мекунанд”.
Дар изҳорот гуфта мешавад, амали мақомоти пулиси Рим аз мавҷудияти бозиҳои сиёсии пасипардагӣ далолат дода, мақомоти Итолиё дар ин маврид бояд бештар созишномаи ҳуқуқи башарро риоя мекард.
Шаби 1-уми июн дар шаҳри Рим Алмо ва Алуа, ҳамсар ва духтари собиқ бонкдори машҳури Қазоқистон Мухтор Аблязов рабуда шуд. Баъдан маълум гардид, ки ҳамсар ва духтари ӯ дар идорае пулиси шаҳри Рим нигоҳдорӣ шуда, ҳамон шаб ба Остона интиқол ёфтаанд.
Мухтор Аблязов дар суҳбатҳои худ ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ҳамсару духтари ӯро аз Рим ба Остона бо ҳавопаймои шахсӣ интиқол додаанд, ки ин амал бо фармони махсуси раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сурат гирифтааст.
Мухтор Аблязов собиқ вазири энержӣ, тиҷорат ва саноати Қазоқистон буд.