«Истиқлол»- пешсафи ягонаи лигаи олии футбол
Даври 22-юми мусобиқоти Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олии футбол ба анҷом мерасад.
Тавре Шавкат Ахмедов, масъули баргузории бозиҳои федератсияи футбол ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, рӯзи 16-уми июли соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бозии охирини марҳилаи 22-юми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, баргузор хоҳад шуд. Дар ин сабқат тими «Равшан»-и Кӯлоб дар сафар бо соҳибони майдон дастаи «Хайр»-и Ваҳдат рақобат мекунанд.
Маврид ба ёдоварист, дар ҷадвали мусобиқаи имсола то имрӯз, дастаи «Истиқлол» аз 18 бозӣ бо 46 имтиёз дар ҷойи аввал, тими «Регар ТадАз» аз 19 бозӣ бо 42 хол дар зинаи дуюм ва футболбозони «Равшан»-и Кӯлоб аз 18 бозӣ бо 41 имтиёз дар мақоми сеюм қарор доранд. Марҳилаи 23-юми ҷемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 6-уми августи соли равон оғоз мегардад.{jathumbnail off}