Ҳамрохон Зарифӣ ба бачаҳои хона-интернат дар вазорат ҷойи кор ваъда кард
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо 180 хонандаи синфҳои 5-9-и мактаб-интернати №-4-и шаҳри Душанбе мулоқот кард.
Ин вохурӣ дар бинои Вазорати корҳои хориҷа сурат гирифта, ҷаноби Зарифӣ зимни суханронӣ мактаббачаҳоро ба таҳсили хубу аъло ташвиқ кардааст. Ҳамрохон Зарифӣ гуфтааст, шурӯъ аз соли равон ҳамасола беҳтарин ва аълохонҳои мактаби мазкурро бо роҳхатҳо ба лагери тобистона сарфароз хоҳад кард.
«Ҳар яке аз шумо дар сурати бо баҳои аъло таҳсил кардану омӯхтани забонҳои хориҷӣ имкони пайдо кардани ҷойи кор дар вазорати умури хориҷаро доред»,- таъкид кардааст вазир.
Сарпарастии мактаб-интернати №-4-и пойтахтро Вазорати умури хориҷа бар зима дорад.