Дарёи Элок як нафарро ба ком кашид
Гавҳарбӣ Шариповаи 38 сола, истиқоматкунанди ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар рудхонаи Элок ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, 6 -уми июн Гавҳарбӣ Шарипова дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми шустани палос дар лаби дарёи Элок аз беаҳмиятӣ ғарқ шудааст.
«Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ 5 наҷотдиҳандаро соати 19:52 ба ҷои ҳодиса сафарбар намуд ва соати 21:10 ҷасади Шарипова аз маҳаллаи Гулбута, соҳили дарёи Кофарниҳон, 4 километр дуртар аз ҷои ҳодиса дарёфт гардида, ба наздиконаш супорида шуд»,-афзуд манбаъ.