Онишенко гуфт, бемории доманаро дар Русия муҳоҷирони тоҷик паҳн кардаанд
Генадий Онишенко, сардухтури эпидемологии Русия гуфтааст, сабаби хурӯҷи бемории домана дар вилояти Перм муҳоҷирони тоҷиканд.
Оҷонсии «Интерфакс» бо такя ба суханони Онишенко навиштааст, ба хотири ҷилавгирӣ аз авҷи ин беморӣ, ҳоло ҳар шаҳрванди Русия, ки бо тоҷикони ин маҳал иртибот дошт, бояд ваксин шаванд.
«Теъдоди афроди сироятшуда ба даҳҳо нафар мерасад. Ҳамаи онҳо коргароне ҳастанд, ки аз Осиёи Марказӣ омадаанд. Муҳоҷирон ба таври расмӣ дар ҳудуди Русия қарор доштанд, аммо дар шароити ғайрисанитарӣ ба сар мебурданд»,- гуфтааст Онишенко.
Феълан, 16 муҳоҷир, ки дар онҳо нишонаҳои бемории домана мушоҳида шудааст, дар беморхона бистариянд. Ҳамчунин ваксинзании 84 нафари бо онҳо дар тамос буда ва 166 муҳоҷири дигар, ки дар бозори сабзавот кор мекардаанд, дар назар аст.