Сониҳаи нақлиётӣ ҷони се нафарро гирифт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сониҳаи нақлиётӣ дар ҷануби кишвар мунҷар ба марги се нафар гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 6-уми июн ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдулло Нахутови 27-сола, сокини ноҳияи Панҷ, аснои ҳаракат аз самти ноҳияи Панҷ ба ҷониби ноҳияи Қумсангир, дар роҳи мошингарди деҳаи Пешкаппа аз ӯҳдаи идора нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-431312”, ки ба Тоҳир Маҳмадқулови 41-сола тааллуқ дорад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи худрав- Абдулло Нахутов ва мусофиронаш Иброҳимбек Абдусатторови навзод ва Рустам Алиеви 27-сола, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифта, дар беморхона бистариянд.