Боздошти муҳоҷирон дар масҷиди Русия
Кормандони Вазорати умури дохилии Русия зимни баргузории як амалиёти фаврӣ дар масҷиди мусалмонҳо 300 нафарро боздошт кардаанд, ки 170 тани онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ва ё муҳоҷирон будаанд.
Сомонаи “Islam news” навиштааст, ки амалиёти мазкур дар масҷиде воқеъ дар қисми ҷануби Маскав, дар хиёбони Угрешский сурат гирифтааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, зимни амалиёт адабиётеро мусодира кардаанд, ки ба феҳрасти варақаҳои мамнӯи динӣ шомил аст. “Дастгиршудаҳо то анҷоми корҳои тафтишотӣ дар боздоштгоҳи пулис хоҳанд буд”,-хабар додааст манбаъ.
Ҳоло маълум нест, ки миёни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд ё на. Ҳодисаи ба ин монанд, моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифта буд. Он замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 700 мусалмонро аз ибодатгоҳ боздошт карданд.