"Танҳо дар сурате аз гуруснанишинӣ даст мекашам, ки тамоми мушкилоти Тоҷикистонро бартараф кунанд"
Абдулғании Абдуваҳҳоб
Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик ахиран аз “гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ” хабар дод. Ӯ дар номае, ки рӯзи шашуми июн тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дастраси ҳамагон кард, гуфт, “бо камоли масъулият ва дарки пайомади рафтори худ” ба ин кор даст задааст. Хабарнигори «Озодагон» барои ҳолпурсӣ назди Сафват рафт ва нахуст аз ӯ пурсид, ки тасмимаш дар мавриди гуруснанишинӣ ҳанӯз ҳам устувор аст?
Сафват Бурҳонов: «Бале, ин тасмимро ман барои як соат нагирифтаам».
Озодагон: Мегӯянд, Сафват баъзе мушкилоти иқтисодӣ дорад ва агар ҳукумат онҳоро бартараф кунад, ба гуруснанишинӣ хотима медиҳад, дуруст аст?
Сафват Бурҳонов: «Ба мушкилоти иқтисодӣ на танҳо ман, балки аз раиси ҷумҳур сар карда, то охирон шаҳрванди Тоҷикистон рӯбарӯ ҳастанд. Ман ҳам барои ҳамин ба ин иқдом даст задам, ки ҳама мувоҷеҳи ин мушкиланд. Кишвари моро агар «Тоҷикистон-мушкилоти иқтисодӣ» гӯем мешавад. Танҳо дар сурате аз тасмими худ даст мекашам, ки тамоми мушкилоти Тоҷикистонро бартараф кунанд. Ман барои мушкилоти танҳо худам ба ин иқдом даст назадаам. Агар мушкилоти кишвар бартараф шуд, пас мушкили ман низ ҳал шудааст».
Озодагон: Шумо то куҷо бовар доред, мушкилоте, ки дар давоми 20 сол бартараф нашудааст, ҳал мешавад?
Сафват Бурҳонов: «Мушкилоти Тоҷикистон дар ин 20 сол рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Ин мушкилот мо хоҳем нахоҳем бартараф мешавад, агар ин ҳукумат накард, ҳукумати дигар мекунад. Зеро ин мушкилот бартарафнашаванда нест. Аз ин рӯ, ман мехоҳам ҳамин ҳукумат бартараф кунад».
Озодагон: Яъне, ба андешаи Шумо ҳукумати кунунӣ барои ҳалли ин мушкилот қодир аст?
Сафват Бурҳонов: «Бале, метавонад мушкилоти мавҷударо бартараф созад».
Озодагон: Замони фаъолият дар нашрияи «Нерӯи Сухан» аз хукумат интиқод мекардед, баъдан матолибе бо имзои Шумо нашр гардид, ки дар онҳо аз ҳукумат ҷонибдорӣ мешуд…
Сафват Бурҳонов: «Ин кори журналист аст. Ҳар вақт кори хубро дид таъриф мекунад, иқдомҳои бадро дид, танқид. Роҳбар вақте пули давлатро дуруст хароҷот кард, мо онро таъриф мекунем ва вақте нодуруст масраф шуд, интиқод мекунем. Масалан, вақте Абдуҷаббор Раҳмонов ба курсии раиси Кумитаи телевизион ва радио нишаст аз кормандони телевизион навиштани иншоро талаб кард, ман ҳама чизро партофтаму бо нишони эътироз аз кор рафтам. Вақте ба Вазорати маориф омад, корҳои хуберо анҷом дод, ман таърифаш кардам. То омадани ӯ мактаб набуд, вале ӯ омад мактабро зинда кард. Ё барои мисол, Ҳамрохон Зарифӣ вақте вазири корҳои хориҷӣ шуд, дипломатия ҷон гирифт. Саймумин Ятимов раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд, инҳо хеле хидмат карданд. Инҳо шоистаи таъриф кардан мебошанд. Худи раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон низ аз зумраи инҳо мебошад ва барои ҳамин ман дар боло ҳам гуфта будам, ки ҳамин ҳукумат метавонад мушкилотро бартараф кунад.
Хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон кам нест, ҳозир мо ягон гуреза дар хориҷ надорем. Барои мисол мардуми Афғонистон метавонад бигӯяд, ки ягон президенташон ин гуна корро кардааст, не. Бархеҳо мегӯянд, не инро танҳо Раҳмон накардааст. Ман шоҳиди ҳамон рӯзҳо ҳастам, садҳо қувваҳое буданд, ки намегузоштанд, Раҳмон ин корҳоро кунад. Вале ин ҳамаро зери назорати худ қарор дода, охирин гурезаро ба ватан овард. Аз ин рӯ, ман дар мавриди истеъфо ягон калима намегӯям. Ҳамин ҳукумат бояд ин хатоиҳоро бубинад ва ислоҳ кунад».
Озодагон: Шумо гуфтед Абдуҷаббор Раҳмонов хатоӣ кард, танқид кардам, ба андешаи Шумо фаъолияти кадоме аз мансабдорони кунуниро метавон танқид кард?
Сафват Бурҳонов: «Дар мавриди Вазорати молия, Бонки миллӣ, Вазорати иқтисод, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати мудофиаю Вазорати меллиоратсия танқид як тараф истад, чизи мегуфтанӣ намондааст. Дар ноҳияи Темурмалик, ки солҳои 1994 он ҷо ҷанги вазнин буд, як мард раис шуд. 18 киллометр обро тариқи қубур кашида, заминҳоро обёрӣ кард. Як раис ин корро тавонист, аммо чаро Вазорати кишоварзӣ ё Вазорати меллиоратсия бо миллион миллионҳо маблағ ҳатто як ҷӯйборак кушода наметавонанд? Ин пулҳо куҷо мераванд? Ин халқ то кай хомӯш мешинад, як рӯз не, як рӯз гап мезанад».
Озодагон: Шумо аз чанд вазорат ном гирифтед, ки ба андешаи Шумо вазифаи худро дуруст иҷро намекунанд. Бояд чӣ иқдоме нисбат ба онҳо гирифт?
Сафват Бурҳонов: «Инҳо тафаккур надоранд. Агар ҳади аққал ду дар сади гуфтаҳои раиси ҷумҳурро иҷро кунанд бас аст. Инҳо намефаҳманд, ки раисиҷумҳур чӣ мегӯяд».
Озодагон: Яъне Шумо гуфтаниед, роҳбарони ин вазоратҳо барканор шаванд?
Сафват Бурҳонов: «Бале, як нафар набояд аз ду сол дар як мансаб истад. Қонун қабул гардад, ки роҳбарон баъди ҳар ду сол иваз шаванд. Бояд пурра роҳбарон иваз шаванд».
Озодагон: Бархеҳо мегӯянд, дар матолибе, ки аз тарафи «Фабрикаи ҷавоб» навишта мешавад, сабки шумо дида мешавад, ин то куҷо ҳақиқат дорад?
Сафват Бурҳонов: «Ҳар касе чунин мегӯяд, маро бад мебинад, ба ман рашк дорад. Зеро ман на дар амният ва на дар миёни рӯҳониён душман надорам. Ман умуман душман надорам. Гузашта аз ин ҳеҷ гоҳ бо имзои мустаъор чизе нанавиштаам. Имзои мустаъор надорам ва ин кори номардонаю буздилиро намекунам. Ҳар чизе менависам зери он имзои худро мегузорам. Ман дар миёни тамоми қишри ҷомеа дӯсту рафиқ дорам, аммо ин ба маъное нест, ки корманди амният ё «фабрикаи ҷавоб» бошам. Агар чизе нависам ҷиддӣ менависам, на ба мисли он «фабрикаи ҷавоб»-е, ки шумо дар назар доред».
Озодагон: Яке аз пунктҳои талаботи Шумо, ки дар хабари даст ба гуруснанишинӣ заданатон гуфтед, гузаронидани ислоҳот дар Вазорати мудофиа мебошад. Ба назари Шумо чӣ мушкилоти ҷиддие дар ин ниҳод дида мешавад?
Сафват Бурҳонов: «Якум ин ки нафаре, ки тариқи «облава» ба артиш бурда мешавад, дар ягон ҳолат кишвари худро ҳимоя нахоҳад кард ва баъд ин ки худи «облава» ҷиноят мебошад. Таъминоти моддию техникии артиш сифр мебошад. Аскар гурусна, ташна, белибосанд. Вақте инсон дид, ки кореро наметавонад кунад, бояд барояд равад. Ин гуна артиш ба кӣ лозим? Ман ба Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид муроҷиат кардам, ки давлатҳое ба мисли Тоҷикистон қашоқанд, иқтидори артиш доштан надоранд, аз ин рӯ бояд артиши онҳо барҳам дода шавад. Барои мисол агар Чин, ки якуним миллион аҳолӣ дорад, пуф кунад, мо аз байн меравем».
Озодагон: Гуруснанишинии Шумо то кай идома хоҳад кард?
Сафват Бурҳонов: «То рӯзе, ки зӯрам мерасад. То рӯзе, ки ислоҳот шурӯъ нашавад. Вақте дарк кардам, ки ҳукумат фаҳмидааст, ки дар бораи халқ фикр кардан лозим аст, аз ин тасмим даст мекашам».