"Ташаккур", бародари афғони ман!
Аҷабам меояд. Ҳайратам меафзояд.
То дирӯз ашхоси наздик ба ҳукумат моро таъна мезаданд, ки чӣ ин қадар насиҳат мекунед? Шукри суботу осоиш кунед, кор кунед ва шукрона намоед, ки чунин дореду чунонед.
Имрӯз як шаҳрванди хориҷӣ аз минбари баланди масҷидамон баромада, мо -- тоҷикистониёнро насиҳат мекунад. Рӯзамон ба ҳамин дараҷа расидааст. Афсӯс…
Наход, ба насиҳату маслиҳати хориҷиён мӯҳтоҷ шуда бошем? Ва ӯ ҳам моро ба шукргузорӣ мехонад.
Барои мо, соҳибони ин марзу бум, дар масҷидамон сухан намедиҳанд. Барои мо иҷозати вазъ гуфтан нест. Барои ҳеч нафаре аз муллоҳои суннатии маъруф иҷозаи аз минбар сухан нест. Барои ӯ (як хориҷӣ) мумкин.
Чунки ӯ аз мо талаб дорад, шукр кунем ва ҳар рӯз ду ракъат намози шукрона бигузорему савобашро ба ҳаққи президент бахшем. Дасти азизат дардро набинад, бародари афғони ман. Ташаккур бар ту бародари ҳамзабон! Агар ту намебудӣ, мо аз куҷо ба қадри сулҳ мерасидему медонистем, ки дар биҳишт зиндагӣ дорем?
Сайёфи Мизроб, журналисти маъруфи тоҷик, чанде пештар навишта буд, ки афғонҳо ба Тоҷикистон барои духтарбозӣ меоянд. Онҳо меоянду духтарони моро таҷовуз мекунанд, ваъдаи ба занӣ гирифтанро медиҳанду баъд фирор то ба Афғонистон… Сайёф хато кардааст. Агар бинам, ҳатман мегӯям, ки ако, дигар ин тавр нанависед. Афғонҳо одамони зӯр ва соҳибминбар.
Мо то ба он ҳад оҷиз шудаем, ки аз хориҷӣ ҳам талаби мадҳу ситоиш кардани хешро мекунем ва минбари масҷидамонро дар ихтиёри онҳо мегузорем. Аммо чаро агар рӯҳониёни маъруфи кишвар, барои мисол, Тӯраҷонзодаҳо мардумро ба роҳи ҳақ даъват кунанд хушатон намеояд? Чаро агар Мулло Абдураҳими Қазоқонӣ, Ҳоҷӣ Мирзо аз минбар сухан кунанд, даҳонашонро мебандем? Онҳо мардумро аз зино, бадмастӣ, ҳаромкорӣ парҳез кунед, мегӯянд.
Пас, мо чӣ хулоса кунем? Ё дигар ба фармудаи бузурге иктифо кунем: «Меҳмон рӯзӣ зи худ меовараду гуноҳи мизбон мебарад…»
Ман ҳайрон…
Халил ҚАЮМЗОД
PS: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст