Мухолифини ҳукумат аз тақаллубкорӣ дар интихоботҳо шикоят мекунанд
Дар Арманистон ҷаласаи аввалини Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар, ки ҳамакнун раҳбарияти он таъин гашт, баргузор шуд.
Зимни нишаст масоили марбут ба кору фаъолият ва нақшаи амали ин ниҳод баррасӣ ва муҳокима гардид. Бино ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, дар ҳамойиши масъулини комиссияи интихоботӣ барои бори дуввум Гарегин Азариён, райиси КМИР-и Арманистон интихоб гардидааст. Дар ҳамин ҳол, дар таъин ва пешниҳоди аъзои комиссия тағйироти ҷиддӣ рӯйи кор омадааст. Гуфта мешавад, 7 нафар аъзои онро омбудсмен, додгоҳи таҷдиди назар ва Анҷумани миллии Арманистон пашниҳод мекунанд ва бар асоси ин пешниҳод онҳоро раиси ҷумҳур таъин мекунад. Серж Саркисян, президенти Арманистон, рӯзи гузашта ин пешниҳодҳоро ба таври расмӣ таъйид кард. Тибқи ин таъиноти райисҷумҳур, ҷаноби Азариён барои 7 сол раиси КМИР-и Арманистон баргузида шуд, аммо ин тасмими президент сару садои мухталифро миёни мухолифини ҳукумат ба вуҷуд овардааст. Намояндагони оппозитсияи Ереван, ахиран аз фасодкорӣ ва тақаллуби комиссияи интихоботӣ дар замони интихоботҳои қаблӣ ишораҳо мекунанд. {jathumbnail off}