Ронанда дар Душанбе барои гирифтани 2 сомонӣ аз мусофир муҷозот шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Сафаров Муродалӣ, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз болои Идиев Зоиршоҳ, ронандаи хатсайри 14-и Душанбе ба вазир шикоят кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод Сафаров Муродалӣ ба телефони боварии вазир, 221 21 21 занг зада, шикоят кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-старекс», рақами қайди давлатиаш 8061тт01 аз ӯ барзиёд роҳкиро гирифтааст.
Масъулини вазорат санҷиш гузаронда, муайян кардаанд, ки дар ҳақиқат ронанда Идиев Зоиршоҳ аз худсарона хатсайри 14-ро иваз намуда, дар хатсайри №16 ба мусофирбарӣ машғул шуда, аз онҳо ба ҷойи 1 сомониву 60 дирам 2 сомонӣ талаб мекардааст.
Бо иттилои ВУД нисбати Идиев тибқи талаботи моддаи 336 ва моддаи 323 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаи нақлиёт ба ҷаримагоҳ дастрас карда шудааст.
ВКД мегӯяд, дар давоми моҳи майи соли равон беш аз 60 арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон тавассути телефони боварии вазир ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо баррасӣ карда шудаанд.