Таронаҳои ду овозхони тоҷик дар Амрико ва Русия пахш мешавад
Тибқи як қарордод миёни ширкатҳои “ТопМедиа”-и Тоҷикистон ва “TuneCloud”-и Амрико, таронаҳои Парвин Юсуфӣ ва Ховар Муродов аз тариқи эфири радиоҳои маъруфи Амрико, Канада, Исроил ва Русия пахш мешавад.
Беҳрӯз Зеваров, продюсери ин ду овозхони тоҷик, ба “Озодагон” гуфт, шартномаи мазкур якуми июни соли 2013 баста шуда, ду солро дар бар мегирад. “Тибқи шартномаи дуҷониба ширкати “TuneCloud”-и Амрико муваззаф шуд, сурудҳои Парвин Юсуфӣ ва Ховар Муродовро тариқи беш аз 30 радио, аз қабили Diyor FM, Spotify, Blazin New Music, Rex FM, Choice, Sirius Radio, Kiss FM, Kaya-FM, Kazi 88.7 FM, Kbtt 103.7 FM, "Восток FM", “Первое радио” дар Амрико, Канада ва Исроил пахш намояд”,-афзуд номбурда.
Ҷаноби Зеваров мегӯяд, шунидани ин радиоҳо аз тариқи интернет ҳам имконпазир аст.
Парвин Юсуфӣ аввалин сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояш дар iTunes ва Ховар Муродов аввалин хонандаест, ки сурудхояш дар Amazon.com пайдо шудаанд.
Парвин Юсуфӣ яке аз хонандаҳои муваффақи Тоҷикистон буда, солҳои 1990 вориди шоу-бизнеси Тоҷикистон шуд ва дар як фурсати кӯтоҳ шуҳрат ёфт. Нахустин албоми таронаҳояш бо номи “Ғам намехӯрам” низ ҳамон солҳо нашр шуд. Баъдан се маҷмӯаи дигари таронаҳояш - “Офтоб мешавад”, “Баҳои зиндагӣ” ва “Дунёи ман”-ро пешниҳоди ҳаводоронаш кард. Парвин Юсуфӣ иштирокчии як қатор озмунҳои ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Моҳи апрели соли 2012 дар ҷашнвораи «Ҷаз. Бишкек. Баҳор-2012» ширкат ва ҷоизаи аввали озмуни намояндаи кишварҳои Осиёи Миёнаро соҳиб гардид.
Ховар Муродов ба тозагӣ рӯйи саҳна омад. Аввалин албоми таронаҳояш зери унвони “Ман хиёнаткор нестам” ҳафтае қабл дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев муаррифӣ гардид.