Парлумон хост, педофилон ахта шаванд
Парлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 6-уми июн, ҷонибдории худро аз ахтакунии кимиёвии педофилон изҳор дошт.
Барои татбиқи ин иқдом дар назар аст, ки ба Кодекси ҷиноии ин кишвар тағйиру иловаҳо ворид гарданд.
Турсунбой Боқир-ӯғлу, вакили парлумони қирғиз ва яке аз таҳиягарони ин тарҳ зимни ироаи зарурияти ин иқдом, далел овардааст, ки агар дар соли 2011, 83 ҳодисаи дастдарозӣ ба кӯдакон сабт шуда бошад, танҳо дар нимсолаи аввали 2012, 73 ҳодисаи озори ҷинсии кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.
Д.Бекешев, яке аз таҳиягарони дигари ин тарҳ мегӯяд, тавассути дору мавқеи тестеронҳоро дар организм танг карда, ҳисси шаҳвонии педофилҳоро кам мекунанд. Ӯ таъкид дошт, ки дору ба организм танҳо баъди ташхиси вазъи ҷисмонию равонии зиндониён ва шаш моҳ пеш аз анҷоми муҳлати ҷазо мунтазам ворид карда мешавад. Ба гуфтаи ин вакил нафароне, ки ворид кардани доруро ба организмашон рад мекунанд, баъди анҷоми муҳлати ҷазо боз ду соли дигар дар маҳбас хоҳанд монд.
Бекешев бо такя ба арқоми оморӣ таъкид намудааст, ки 80 дарсади педофилҳо баъди ахтакунии кимиёвӣ ба кӯдакон дастдарозӣ намекунанд.