Ҳиндустон ба Тоҷикистон чархбол (вертолет) медиҳад
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, Ҳиндустон Тоҷикистонро бо чархболҳои тавоноияшон миёна таъмин мекунад ва боз як бемористони дигарро дар Тоҷикистон ба истифода хоҳад дод.
Тибқи иттилои хабаргузориҳои ҳиндӣ бемористон бо 50 кати хоб аз ҷониби А.К Энтонӣ, вазири дифои Ҳиндустон ифтитоҳ хоҳад шуд, ки дар назар аст, аввали моҳи оянда аз Душанбе дидан кунад.
Ба иттилои мақомоти ҳинд тавофуқот дар бораи пешниҳоди чархболҳои тамғаи “Ми”-и истеҳсоли Русия ва бунёди беморхона ҳанӯз моҳи августи соли гузашта ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҳиндустон ҳосил шуда буданд.
Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳиндустон собиқаи беш аз 10-сола дошта, дар доираи он Ҳиндустон фурудгоҳи низомии Айниро дар наздикии Душанбе ва як беморхонаи дигарро дар ноҳияи Фархор таъмиру таҷдид намуда буд.