Роҳбари пулиси Қандаҳор Эронро дар кумак ба Толибон муттаҳам кардааст
Генерал Абдулраззоқ, роҳбари пулиси музофоти Қандаҳор гуфтааст, Эрон аз ҷангҷӯёни Афғонистон ҳимоят мекунад.
Бино ба иттилои телевизиони “Лемар”, Абдулраззоқ дар нишасти хабарие гуфта, ба ҷуз аз Покистон ҷумҳурии исломии Эрон ҳам ба неруҳои мухолифи ҳукумат дар музофоти Қандаҳор кӯмак мерасонад. Ба иддаои генерал, бештари ҷангиён аз силоҳи сохти Эрон истифода мебаранд: «Душманони мо бо силоҳҳои муосир мусаллаҳанд. Чӣ тавре медонед, дар гузашта Эрон пинҳонӣ ба мухолифон кумак мерасонд, ҳоло бошад, рӯирост ин корҳоро анҷом медиҳад”.
Роҳбари пулиси Қандаҳор афзуда, ки фурӯши ғайриқонунии силоҳу аслиҳа на танҳо дар вилояти зери назорати ӯ, балки дар музофотҳои дигар, аз ҷумла Нимроз низ суръат гирифтааст.