Қазоқистон аз сокинонаш хост, ба Мисру Сурия ва Ироқ нараванд
Қазоқистон аз шаҳрвандони худ хоҳиш кардааст, аз сафар ба кишварҳои арабӣ то ҳадди имкон худдорӣ кунанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, ин ниҳод ба шаҳрвандони кишвараш тавсия додааст, ба кишварҳои арабӣ, ба хусус Миср, Сурия, Либия ва Ироқ сафар накунанд.
Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, сафар ба ин кишварҳои арабӣ хатарнок мебошад. “Дар ин кишварҳо ҳанӯз ҳам нооромӣ ё худ ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад ва талош мекунем, тамоми шаҳрванди қазоқро аз ин кишварҳо берун орем”,-таъкид каардааст Вазорати умури хориҷии Қазоқистон.
Инчунин ин ниҳод аз мардуми қазоқ даъват кардааст, ҳангоми сафар ба хориҷ нисбат ба қавонини ин кишвар дар мавриди муҳоҷират беэътиноӣ накунанд ва ба хотири амнияташон худро дар қайди консулгариҳои Қазоқистон гузоранд, то вазорат дар ҳолатҳои изтирорӣ (фавқулода) кумак карда тавонад.