Муовини райиси КМИР-и Тоҷикистон аз олам даргузашт
Декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ, ҳамзамон муовини райиси Комиссияи Марказии Интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Кароматулло Холиқов шаби гузашта дар манзили зисташ дар Душанбе аз дунё даргузашт.
Хабари марги ҳуқуқшиноси варзида ва устоди ДМТ-ро дар дастгоҳи КМИР тайид карданд, иттилоъи бештар дар мавриди марҳум пас аз чанд лаҳза дар нашрҳои баъдии хабаргузории «Озодагон» ба чоп мерасад.
Ёдрас менамоем, Кароматулло Холиқов ҳамагӣ чанд моҳ қабл, аниқтараш моҳи марти соли равон ба симмати муовини райиси КМИР таъин гардида буд. {jathumbnail off}