"ал-Ҳаёт": Сулҳ дар Тоҷикистон хидмати ду тараф буд
Рӯзномаи умумиарабии "ал-Ҳаёт", 3-юми июн дар бораи тоҷикон, Тоҷикистон ва китоби "Хазинаи тиллоии тоҷикон" мақолаи калонҳаҷме чоп кардааст.
Тавре Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, баъди зикри таърихи бузурги тоҷикон муаллифи мақола ба таърихи навини тоҷикон рӯ оварда, навиштааст, ки мутаассифона дар оғози истиқлолият Тоҷикистон дучори ҷанги дохилӣ шуд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз қавли рӯзномаи “ал Ҳаёт” овардааст, ки "баргардонидани ҳаёт ба маҷрои табиӣ хидмати пешвоёни ҳар ду тараф ва шахсан хидмати Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки тавонист кишварро аз фалокати афғонишавӣ ва ё сомалишавӣ ва кишварҳои дигар, ки аз паи ҷангҳои дохилӣ хароб шудаанд, наҷот диҳад.”
Ба иттилои ВКХ “ал Ҳаёт” навиштааст, “Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба муқовимати сахти ҳатто тарафдорони худ нигоҳ накарда, исрор карда буд, то дар кишваре, ки нав аз сотсиализм баромада буд, Конститутсия фаъолияти сиёсии ҳизби диниро (исломӣ) пешбинӣ кунад."
Дар бораи таърихи тоҷикон муаллифи мақола аз ҷумла навиштааст, ки дар ҷаҳони андешаи тамаддуни исломӣ имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ муаллифи "Саҳеҳ", фақеҳон ва муаллифони тафсир ба монанди Абу Лайси Самарқандӣ ва Абу Мансури Мотридӣ аз фарзонагони асри даҳ, Абу Райҳони Берунӣ, шайху-р-раис Абу Алӣ ибни Сино ва бунёнгузори низоми донишгоҳҳои исломӣ дар ҷаҳони ислом Абулҳасан ибни Алӣ, ки бо тахаллуси хоҷа Низомулмулк маъруф мебошад, муаллифи "Эҳёи улуми дин" аллома Абу Ҳомиди Ғаззолӣ, ки дар донишгоҳи "Низомия"-и Низомулмулк дар қатори дигарон дарс хондааст ва даҳҳо нафар дигарон, аз ниёгони тоҷикон буда, дар айни замон мояи ифтихори ҳама мусулмонон ва инсоният мебошанд.
Сипас муаллифи мақола ба муаррифии китоби "Хазинаи тиллоии тоҷикон" пардохта, ба хонанда дар бораи китоб махсусан ва маданияти тоҷикон умуман, маълумоти арзанда манзур намудааст.