Худовезӣ -- маъмултарин усули худкушӣ дар вилояти Суғд
Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар Суғд мегӯяд, давоми панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин вилоят 94 ҳодисаи худкушӣ ва 28 ҳолати сӯиқасд ба ҷони худ сабт шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, миёни нафароне, ки худкушӣ ё қасди ҷони худ кардаанд, 63 нафарашон мардҳо ва 59 нафарашон занҳо мебошанд. "Ҳамчунин дар ин давра 14 ноболиғ низ худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ кардаанд",-афзуд манбаъ.
Дар шарҳи сабабҳои асосии худкушӣ дар вилояти Суғд масъулини ВКД афзуданд, 35 нафарашон касалии руҳӣ, 5 нафар бо сабаби вазнинии шароити моддӣ, 17 нафар дар паи муноқишаи оилавӣ ва 42 нафар бо дигар сабабҳо ба ин амал даст задаанд. Ба қавли масъулин, дар панҷ моҳ сабаби худкушии 23 нафар дар Суғд номаълум боқӣ мондааст.
Бино ба иттилои мақомот тарзи худкушии нисбатан маъмул, худовезист, ки дар панҷ моҳ 98 нафар аз он кор бурдаанд: "Бо истифодаи яроқ 8 нафар, 9 каси дигар худро заҳролуд кардаанд, 2 нафар ба худсӯзӣ даст задаанд ва ду каси дигар худро ғарқ кардаанд."
Афзоиши нисбатан назарраси худкушӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабт шудааст, ки дар панҷ моҳ 23 ҳодиса сар задааст. Дар ҳоле ки соли гузашта дар ин минтақа ҳамагӣ 12 ҳолат ба қайд гирифта шуда буд.