Афғонҳо неруҳои амрикоиро дар куштори аҳолии осоишта муттаҳам мекунанд
Дарёфти як қабри дастаҷамъӣ дар наздикии пойгоҳи пешини нерӯҳои вижаи Амрико дар музофоти Вардак, ки ҳоло ба ихтиёри нерӯҳои Афғонистон вогузор шудааст, сабаби эътирози сокинони ин вилоят гардид.
Авохири ҳафтаи гузашта сокинони маҳаллӣ аз наздикии ин пойгоҳ қабри дастаҷамъие пайдо карда, аз он ҳафт ҷасадро берун намудаанд. Аз ин пештар аз қисмати дигари пойгоҳ ҷасади 10 нафар пайдо шуда буд.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҳамаи 17 ҷасади пайдошуда афғонҳоеанд, ки моҳи декабри соли гузашта бедарак шуда буданд. Ба иддаои намояндаҳои мақомоти маҳаллӣ, ин афродро бори охир замоне зинда дида буданд, ки нерӯҳои амрикоӣ онҳоро боздошт карда буданд.
Аммо амрикоиҳо мегӯянд, ин кушторҳо кори дасти онҳо набуда, балки масъулияти он бар души нерӯҳои афғон аст.
Бино ба иттилои расида, эътирози сокинон сабаби боз як даргирии аҳолӣ бо неруҳои Афғонистон шудааст. Ҳарбиён ҷониби эътирозгарон тир кушода, ду нафарро захмӣ кардаанд.