ВКД: Хонандаи синфи 4 дар Бадахшон бародарашро паронд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон як хонандаи синфи 4 бо истифода аз яроқи оташфишон, ки дар хонаводаашон ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешудааст, бародараш, хонандаи синфи 9-умро парондааст.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-юми июни соли равон, тахминан соати 12:00-дақиқа, ноболиғ Қурбонбеки Нуралӣ (соли таваллудаш 2001), сокини деҳаи Багуши ноҳияи Ишкошим, хонандаи синфи 5-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №27, бо ҳамроҳии бародари ноболиғаш Фариди Нуралӣ (соли таваллудаш 1997), хонандаи синфи 9-уми ҳамин мактаб, бо худ яроқи оташфишони тамғаи «ТОЗ-8», ки падарашон Бобоков Нуралӣ соли таваллудаш 1959, ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст, гирифта ба айлоқҷои «Чашма» мераванд.
Дар айлоқҷой аз беэҳтиётӣ Қурбонбеки Нуралӣ, бародараш Фариди Нуралиро бо истифода аз яроқи мазкур дар қафаси синааш захмдор намудааст ва дар натиҷа Фариди Нуралӣ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол далели шайъӣ гирифта шуда, ин ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад.