Аскар Ҳаким аз “Самак” 150 000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хост
Аскар Ҳаким, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз болои нашрияи “Самак” ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикоят бурда, 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намудааст.
Ҷасур Абдуллоев, сармуҳаррири “Самак” дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, норозигии Аскар Ҳаким ба як матлаби ин нашрия, бо унвони “Зиёиёни бемушкили тоҷик” рабт дорад, ки 21-уми марти соли 2013 нашр шудааст: "Аскар Ҳаким даъво дорад, ки гӯиё мо дар матлаби нашркардаамон, ӯро таҳқиру туҳмат намуда, шаъну шарафи ӯро паст задаем. Ӯ талаб дорад, ки ҳамчун зарари маънавӣ 150 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ пардозем."
Ба гуфтаи Абдуллоев матлаби нашркардаашон аз ҷониби Шаҳбози Нур, хабарнигори ғайриштатии “Самак” навишта шуда, аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиёни кишвар баҳс мекунад ва дар он баробари Аскар Ҳаким чандин зиёии дигари тоҷик зикр шудааст.
Абдуллоев афзуд, ки даъватномаро ба додгоҳ имрӯз, 6-уми июн дастрас кардаанд.
“Самак” нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон буда, аз моҳи ноябри соли 2011 ба фаъолият оғоз кард.