Як шаҳрванди Узбакистон, ки ба ҷонибдорӣ аз мухолифини Сурия меҷангид, кушта шудааст
Як шаҳрванди Узбакистон, ки дар сангари мухолифини ҳукумати Сурия меҷангид, кушта шудааст. Дар ин бора Институти Ховари Миёна дар Вашингтон ва ширкати "Флэшпоинт глобал партнерс"-и Ню-Йорк, ки ба омӯзиши мубориза бо терроризм муттамарказ шудаанд, хабар медиҳанд.
Дар гузориши муштараки онҳо гуфта мешавад, «давоми 11 моҳи охир дар Сурия 280 шаҳрванди хориҷӣ, ки бо ҳимоят аз мухолифин меҷангиданд, кушта шудаанд».
Гузоришгарони Институти Ховари Миёна ва ширкати "Флэшпоинт глобал партнерс" навиштаанд, ки бештари онҳо шомили гуруҳи террористии "Ҷабҳа ан-Нусра", ки ба «Ал-Қоида» марбут аст, будаанд.
Аз кишварҳои Шӯравии собиқ, ки зимни амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия кушта шудаанд, коршиносон аз Озорбойҷон (як нафар) ва Русия (7), бо шумули Чеченистон, Доғистон ва Кабардино-Балкария ном бурдаанд.
Гузоришгарон гуфтаанд, иштироки шаҳрвандони ин кишварҳо дар амалиётҳои Сурия эҳтимол ба «наздикии ҷуғрофӣ» ва имкони озоди ба Сурия сафар кардан тариқи Туркия бошад. Ҳамчунин коршиносони Институти Ховари Миёна дар Вашингтон ва ширкати "Флэшпоинт глобал партнерс"-и Ню-Йорк ҳадс задаанд, ки шояд ин як навъ ҷавоб ба Маскав бошад, ки ба режими Башор Асад кумак мерасонад.
Миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонаш бо ҳимоят аз мухолифони Сурия ҷангидаанд, аз Бритониёи Кабир, ИМА, Фаронса, Ирландия, баҳрайн, Дания, Булғористон ва Австралия ном бурда мешавад.