Мақомот зимни қабули довталаб корҳояшро дар интернет меомӯзанд
Дар Қазоқистон пеш аз ба сохторҳои низомӣ қабул намудани нафаре, амалкарди ӯро дар шабкаҳои иҷтимоӣ ба назар мегиранд.
Расонаҳои қазоқӣ иттилоъ медиҳанд, ки Ҷакиб Асанов, муовини Додситони кулли Қазоқистон зимни як мизи мудаввар гуфтааст, ин иқдом ба хотири зиёд намудани сафи кадрҳои шоиста дар мақомоти пулис мебошад.
Ҷакиб Асанов мегӯяд, пеш аз ҳама ахлоқи нафари ба кор қабулшаванда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хуб омӯхта шуда, тавсияи шахси сеюм дар мавриди рафтору кирдори ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ лозим мебошад.
Инчунин ба гуфтаи муовини Додситони кулли Қазоқистон, фаъолиятҳои иҷтимоӣ, мавқеият дар ҷомеа, усул ва нигариш ба масоил, садоқат ва сатҳи меҳанпарастии шахс мавриди назар гирифта мешавад.