Тошканд намондааст, ҷойнамозу зарфҳои гази эронӣ вориди Душанбе шаванд
Узбакистон иҷоза надодааст, молу колои се ширкати эронӣ ба Тоҷикистон ворид шуда, дар намоишгоҳи “ИнтерЛегПром”-и Душанбе муаррифӣ бишаванд.
Муҳаммад Умронӣ, мудири кулли ширкати “Роҳи рушди Осиё” ва ташкилкунандаи намоишгоҳ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, мақомоти узбак молу колои се ширкатро беасос мусодира кардаанд: “Аз ҷумла либосҳои мардона аз ширкати нассоҷии Фирдавс, зарфҳо барои газ аз ширкати Сервигоз ва ҷойнамозҳоро мусодира намуданд.”
Умронӣ таъкид кард, ки ин маҳсулот танҳо барои намоиш оварда шуда буданд ва ҳар ширкат танҳо барои омадан ба ин намоишгоҳ 5 ҳазор долларро сарф намудааст.
Ин масъули эронӣ ташреҳ дод, ки 9 намуди зарфҳо барои газ танҳо барои муаррифӣ оварда шуда буданд ва газ надоштанд: “Зимни мусодираи либосворӣ бошад, мақомоти узбак далел пеш гузоштаанд, ки дар бастаҳои либоси мардона муҳри занона зада шудааст. Ин далел ғайримантиқӣ аст. Барои тафтиши ҷузъии борҳои ғайринизомие, ки ба кишвари сеюм равона шудаанд, мақомоти узбак ҳақ надоранд.”
Мудири кулли ширкати “Роҳи рушди Осиё” гуфт, айни ҳол барои шарҳи қазия ба Узбакистон муроҷиат намудаанд ва то ҳол посух дарёфт накардаанд: “Мо ҳатман пофишорӣ мекунем, ки ин қазия дар сатҳи байнидавлатӣ баррасӣ шавад, чун Узбакистон бори аввал нест, ки молҳои эрониро мусодира мекунад. Аз ҷумла моҳи март низ, дар арафаи иди Наврӯз, мақомоти узбак аз ширкатҳои эронӣ кашфҳои кориро “низомӣ” гуфта, мусодира кардаанд.”
Муҳаммад Умронӣ муътақид аст, ки ин иқдоми Узбакистон махсус роҳандозӣ шуда, ба коҳиши муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон равона гардидаанд.
Ин дар ҳолест, ки 47 ширкати эронӣ тавонистаанд бо таъхир ҳам бошад, молу колояшонро аз марзи Узбакистон гузаронда, ба Тоҷикистон бирасонанд.
Намоишгоҳи “ИнтерЛегПром” қарор буд, рӯзи панҷуми июн дар Кохи Борбади Душанбе оғоз ёфта, то ҳаштуми ҳамин моҳ идома ёбад. Вале ба даллеи ин ки Узбакистон барои гузарондани молу колои ширкатҳои эронӣ монеа гузоштааст, ин намишгоҳ як рӯз ба таъхир уфтод.