Саидов барои чопи "Алифбои ниёгон" аз Эрон кумак хост
Вазорати маорифи Тоҷикистон аз Эрон хостааст, дар нашри китобҳои дарсӣ аз фанни алифбои ниёгон барои макотиби миёна кумак кунад.
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, зимни мулоқоти худ бо Алиасғар Яздонӣ, муовини вазири омӯзиш ва парвариши Эрон, барои нашри 4 китоби адабӣ бо теъдоди 400 ҳазор нусха кумак хостааст.
Саидов ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Эронро дар сатҳи хуб арзёбӣ карда, гуфтааст, ин равандро бояд дар заминаҳои чопи китобу табодули донишҷӯён ва омӯзгорон бештар кард. Ба гуфтаи вазири маорифи Тоҷикистон, ин кишвар ба омӯзгорони дорои таҷрибаи бой дар заминаҳои улуми мухталиф ниёз дорад: “Вазорат тасмим дорад, дар оянда шумораи зиёде аз омӯзгорони тоҷикро барои такмили ихтисос ва баланд бардоштани таҷриба ба Эрон бифристад ва як гурӯҳ аз устодони болаёқати эрониро ба макотибу донишгоҳҳои кишвар ҷалб кунад.”
Аз сӯи дигар, Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе, низ изҳор дошта, ки мавзӯи алифбои форсӣ дар Тоҷикистон яке аз масоили дорои авлавият барои кишвараш маҳсуб мешавад Эрон метавонад дар ин замина ҳеч кумакеро дареғ надорад.