Тамошои телевизиони К+ дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд
Тамошои барномаҳои шабакаи телевизионии «К+»-и Қазоқистон тариқи моҳвора дар Тоҷикистон дубора имконпазир гардид.
Чанд тан аз шаҳрвандон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, аз рӯзи 5-уми июн ба барномаҳои шабакаи телевизионии К+ тавассути моҳвора дастрасӣ доранд.
Дастрасӣ ба барномаҳои шабакаи К+ тариқи моҳвора дар Тоҷикистон аз рӯзи 28-уми май қатъ гардида буд ва ширкати “Тоҷиктелерадиоком”-и Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод дар масдудияти шабака даст надорад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳои хабарӣ сабаби қатъ гардидани пахши барномаҳои ин шабакаро тариқи моҳвора мушкилоти молӣ унвон карда буданд.
Мушкили пахши шабакаи К+ тариқи моҳвора дар ҳоле ба миён омада буд, ки аз ин пештар дастрасӣ ба сомонаи интернетии он -- www.kplus-tv.net дар Тоҷикистон низ масдуд шуд.
Масдудияти сомона ва мушкил дар тамошои телевизиони К+ ба дунболи пахши навори тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳури Тоҷикистон, иттифоқ афтод. Тӯйи Рустами Эмомалиро К+ дар шарҳи Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии Ватандор, пешниҳод кард, ки сабаби вокунишҳои зиёде дар Тоҷикистон шуд.