Зимнан, таҳлилҳои воқеӣ ва мониторинги ҳамарӯзаи нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ва натиҷаи забҳи чорво аз ҷониби комиссияи ҷамъиятию депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ташаббуси соҳибкорони дар харид ва фурӯши гӯшти гов ва гӯсфанд фаъолият дошта аз тарафи Раиси шаҳр дар марзи маъмурии Душанбе бо нархи то 23 сомонӣ ба фурӯш гузоштани гӯшти гов ва то 24 сомонӣ гӯшти гӯсфанд ҷонибдорӣ гардид.
Ҷавобан ба иқдоми соҳибкорон Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри дастгирии онҳо оид ба зиёд намудани воридоти чорвои забҳӣ ва гӯшт дар шаҳр муқаррар сохт, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» - 2 млн сомонӣ, КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр Душанбе»-1 млн сомонӣ ва 20 нафар соҳибкорон - 1 млн сомонӣ қарзи бефоиз бо назардошти баргардонидани маблағҳо дар тӯли соли молиявӣ ҷудо карда шавад.
Ҳамзамон дастур дод, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин иловатан дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе сохтори нав - Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба харид, захира ва савдои маҳсулоти озуқаворӣ ташкил намуда, аз ҷумла ба зиммаи он таъминсозии маводи озуқа ва фурӯши онро дар 114 «Гӯшаҳои деҳқон» вогузор намуда, дар шафати тамоми «Гӯшаҳои деҳқон» баҳри ғизои маънавии сокинон фаъолияти дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ ба роҳ монда шавад.
Зимнан, супориш гардид, ки барои бо маводи хушсифти ғизоӣ пайваста дар асоси баргузории тендерҳо таъмин намудани мактаб-интернату хонаҳои кӯдакони назди раёсатҳои маориф ва тандурстии шаҳр фаъолиятдошта корхонаи махсуси воҳиди давлатӣ таъсис дода шавад.
Инчунин КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр Душанбе» ва бозорҳои зертобеи он вазифадор карда шуданд, ки барои таъмини ҳамарӯза бо маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Рашт ва дигар манотиқи кишвар хоҷагиҳои ёрирасон ташкил намоянд.
Дар ҷаласа пешниҳоди соҳибкор - Неъмат Назиров, ки дар воридот ва савдои яклухти орди навъи «Шамалған»-и Қазоқистон дар шаҳри Душанбе тахассус дорад, нисбати 50 кг орди мазкурро бо нархи 130 сомонӣ дар тамоми бозорҳои коммунали шаҳр ба савдо гузоштан ҷонибдорӣ гардида, дар асоси ташаббуси соҳибкорон нархи орди истеҳсоли маҳаллӣ то 120 сомонӣ ба фурӯш гузоштан дастгирӣ ёфт.
Бо тавачҷӯҳ ба нигаҳдошти болоравии нархи маводи сӯзишвории нақлиётӣ, ки дар ҷаласа соҳибкорони ба ин намуди хизматрасонӣ машғулиятдошта ширкат доштанд, зимни пажӯҳиши масъала ва пешниҳоди соҳибкорон Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки баҳри мусоидат ба интиқоли миқдори лозимаи маводи сӯхт соҳибкорон имкон доранд бо таъсиси Ассосиатсияи якҷояи худ унвонии шаҳрдорӣ ҷиҳати дарёфти 10 млн сомонӣ қарзи бефоиз муроҷиат намоянд.