Қумондони «бузург»-и Толибонро куштанд
Бар асари амалиёти муштараки артиши миллии Афғонистон ва нерӯҳои эътилоф дар музофоти Вардак Убайдуллоҷон, як қумондони ҳаракати Толибон кушта шудааст.
Амалиёти мазкур дар маҳалли Саидобод ҷараён гирифта, бино ба иттилои расида, ҳамроҳ бо Убуйдуллоҷон, ки аз ӯ ба унвони қумондони «бузург» ном мебаранд, ду пайраваш низ ба ҳалокат расидаанд.
Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон гуфтааст, Убайдуллоҷон масъули чандин амалиётҳои террорӣ алайҳи артиши Афғонистон ва нерӯҳои байналмилалӣ буда, дар коҷоқи силоҳу аслиҳа низ даст доштааст.