Бештари паноҳандаҳои Қазоқистон афғонҳоянд
Ба Қазоқистон бештар аз ҳама фирориёни афғон муҳоҷират мекунанд. Дар ин бора Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷаи Қазоқистон иброз доштааст.
Номбурда зимни суханронӣ дар ҳамоише вобаста ба ҳифзи паноҳандаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ гуфтааст, «тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Қазоқистон беш аз 15 ҳазор паноҳандаро қабул кардааст. Феълан, дар шаҳри Алмаато 800 нафар мақоми паноҳандаро доранд».
Ба қавли вазири хориҷӣ солҳои ахир раванди муҳоҷират аз Қазоқистон ба хориҷ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.