Ҳукумат ба Бозор Собир дар Душанбе хона дод
Ҳукумати Тоҷикистон ба Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки ахиран бо даъвати раисиҷумҳур аз Амрико ба Ватан баргашт, дар маҳаллаи Қарияи болои шаҳри Душанбе манзил туҳфа кардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Низом Қосим, шоир ва яке аз дӯстони наздики Бозор Собир, иттилоъ дод. Вай афзуд, айни ҳол Бозор Собир дар хонаи хешу табораш зиндагӣ дорад ва ҳанӯз ба манзили туҳфакардаи ҳукумат нарафтааст.
Бозор Собир, шоири машҳури тоҷик, ки имсол ба синни 75 мерасад, пас аз нунздаҳ соли ғурбат бегоҳи 27-уми май барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ин шоири шинохтаи тоҷик, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.
Вай дар лаҳзаҳои аввали фуруд омаданаш ба Душанбе гуфт, барои даъвати бозгашташ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сипосгузор аст. Ин шоири тоҷик ҳамзамон гуфт, тӯли ин ҳама муддат дар хориҷ аз кишвар дар бораи Тоҷикистон маълумот дошта ва ба назари ӯ дар ин ҷо ҳизбу созмонҳои нолозим зиёданд.
Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, баъд аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1962, дар маҷаллаҳои “Маориф ва маданият” ва “Садои Шарқ” фаъолият кардааст. “Хуни қалам”, “Аз гули хор то симхор”, “Оташбарг”, “Бо чамидан бо чашидан”, “Чашми сафедор”, “Офтобниҳол” аз гулчини ашъори Бозор Собир аст.