Таҷлили рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар Душанбе (АКС)
Имрӯз 5-уми июн дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад.
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ин сана бо дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла дар маркази шаҳр намоишгоҳ баргузор гардид.
Дар чорабиниҳо фаъолони гурӯҳи «Патрули сабз», дастаи ҳаваскорон ва муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт ширкат намуда, дар мавзӯи экология эҷодиёти худро пешкаш намуданд.
Ёдрас мекунем, ки Ассамблеяи Генералии СММ 16-уми декабри соли 1972 қарореро ба тасвиб расонид, ки тибқи он ҳамасола 5-уми июн ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад.