Касперский: Тоҷикистон ҳадафи ҷосусони интернетист
Лабораторияи Касперский, ки ба таъмини амнияти компютерӣ машғул аст, бо пахши як иттилоия таъкид кардааст, ки муттахассисонаш як маъракаи густурдаи ҷосусии интернетӣ (кибершпионаж)-ро ошкор кардаанд, ки ҳудуди 350 низоми компютериро дар 40 кишвари дунё зери хатар гузоштааст.
Ба иттилои Касперский ин маъракаи ҷосусии интернетӣ ҳанӯз соли 2004-ум роҳандозӣ шуда, авҷи фаъолияташ ба солҳои 2010 – 2013 рост меояд. Ҳамлагарони интернетӣ дар марҳилаи аввал аз ирсоли мактубҳо оғоз мекардаанд, ки ҷанбаҳои заифи Microsoft Office-ро ёфта, барои шикастани низоми компютерӣ мусоидат мекардаанд.
Касперский мегӯяд, давоми қариб 10 соли фаъолият ин ҷосусони интернетӣ қариб 22 гигабайт иттилоъро рабудаанд. Асосан ҳадафи ҷосусони интернетӣ Русия, Ҳиндустон, Кореяи ҷанубӣ, Тоҷикистон, Муғулистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Испания ва Олмон қарор гирифтаанд ва бештар иттилоъ дар бораи энергетика, тиб, лазерҳо, нанотехнология ва таҳқиқоти кайҳонӣ рабуда шудааст.