“Тоҷикони муқимӣ дар Қирғизистон дар ҳоли афзоишанд”
Дар Қирғизистон дар давоми 4 соли охир шумораи тоҷикон рӯ ба афзоиш овардааст.
Кумитаи давлатии омори Қирғизистон мегӯяд, шумораи тоҷикони муқими ин кишвар дар баробари узбаку уйғурҳо дар ҳоли афзоиш буда, аз соли 2009 то кунун 6% зиёд гардидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир аҳолии ин кишвар 5 миллиону 695 ҳазору 600 нафарро ташкил дода, дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ 0,6% ё 32,5 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Бояд гуфт, ин нишондод нисбат ба омори ҳамин давраи соли гузашта 106,7 ҳазор нафар (1,9%) зиёд мебошад.
Аз соли 2009 то 2013 шумораи мардуми қирғиз 8% афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки теъдоди мардуми озаритабори Қирғизистон 7-8%, узбаку уйғур ва тоҷиктаборон 6% ва туркману туркҳо 2-3% зиёд гардидааст.