Оғози сохтмони роҳи оҳани бидуни Узбакистон
Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон ба сохтмони роҳи оҳане, ки ин се кишварро ба ҳам мепайвандад, оғоз бахшиданд.
Маросими ифтитоҳияи роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон 5-уми июн бо ҳузури раҳбарони ин се кишвар, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомид Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Лабиоби ин кишвар баргузор гардид.
Раҳбарони ин се кишвар баъд аз оғоз бахшидан ба сохтмони роҳи оҳани мазкур, ба деҳаи Гарлик, воқеъ дар ноҳияи Лабиоби Туркманистон сафар кардаанд. Бояд гуфт, дар ин деҳа сохтмони яке аз бузургтарин маҷмааи кӯҳии тозакунии маъдан оид ба истеҳсоли нуриҳои химиявӣ дар назар гирифта шудааст. Инчунин, бо дархости Бердимуҳаммадов сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон дар кушодашавии чандин муассисаҳои таълимию тиббӣ ва марокизи савдо ширкат варзидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон субҳи 5-уми июн, озими Ашқобод шуда буд. Бино ба иттилои дафтари матбуотии риёсатиҷумҳур, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Низом Ҳакимов, вазири нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Ташаббускори ин тарҳ Эмомалӣ Раҳмон буда, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон низ аз лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дастгирӣ карда буд. Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов ин лоиҳа рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро такон дода, инфрасохтори нақлиётии минтақаро густариш медиҳад.
Айни ҳол Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷ, роҳи оҳан тавассути қаламрави Узбакистон мепайвандад ва Тошканд зимни ҳамлу нақли бор тавасссути он пайваста монеаҳо эҷод мекунад.