Ронандагии занон аз нигоҳи шариат. Тавзеҳи Тӯраҷонзода
Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Маҳмудҷон, мошин рондани занони мусалмонро раво донистааст.
Ӯ дар ин бора дар посух ба яке аз хонандаҳои торнамо ё сайти хонаводагии оли Тӯраҷон, turajon.org, ҳарф задааст. Маҳмудҷон Тӯраҷонзода гуфта, ки ронандагии занон раво мебошад, агар дар он одоби исломӣ риоя гардаду ин амал танҳо ба хотири рафъи ҳоҷаташ анҷом ёбад.
Ба гуфтаи ин рӯҳонии саршиноси тоҷик, дар замони паёмбари Ислом (с) занҳо васоили нақлиёти он замона, аз қабили шутуру аспу харро савор мешуданд. “Аммо агар ягон маҳрамаш барояш ронандагӣ кунад, албатта, ин беҳтар аст. Ин ҷо бояд як чизро таъкид кард, ки ронандагии зан дар ҳоле ҷоиз аст, ки дар дохили ҳамон шаҳре бошад, ки ба сар мебарад. Аммо дар ғайри сурат ва бидуни маҳрам масофаи сафарро тай кунад ё бе риояи одоби исломӣ ронандагӣ кунад, дар ин ҳолат ронандагии зан ҷоиз нест.”
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои ахир сафи занҳои ронанда дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба миён гузоштааст. Агар бархе мухолифи ронандагии занон садо баланд кардаанд, бисёриҳо онро ҳаққи занон донистаанд, ки метавонанд ронандагӣ кунанд.