Тоҷикистон истеҳсоли сементро бе истифодаи газ густариш медиҳад
Дар пасманзари қатъи интиқоли гази Узбакистон мақомоти тоҷик талошҳоро барои роҳандозии истеҳсолот бо истифодаи манобеи нерӯи худӣ, аз ҷумла ангиштсанг густариш додаанд.
Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, дар даҳаи сеюми моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат якчанд корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба фаъолият шуруъ карданд. Аз ҷумла «Ваҳдат Хуалун семент» ба истеҳсоли сементи ватанӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба фаъолият шуруъ кардааст, ки иқтидори лоиҳавии корхона 50 ҳазор тонна дар як сол буда, айни замон 30 нафар коргарони маҳаллӣ ва 15 нафар кормандон аз Чин машғули кор мебошанд.
Мутахассисони корхона мегӯянд, феълан барои беҳтар гардонидани сифати семент ва то тамғаи 500 (ПУ М – 500) расонидани маҳсулот корро идома дода, нақша доранд истеҳсолро дар 1 шабонарӯз то 180 тонна расонанд ва қариб 100 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд. Вазорати энержӣ ва саноат таъкид мекунад, ки дар ин корхона барои фаъолияти мунтазами корхона миқдори зарурии ашёи хом (оҳаксанг, хок, гаҷсанг, магнетит) ва сӯзишворӣ (ангишт) захира карда шудааст.
Дар ҳоле, ки дар пайи қатъи интиқоли гази Узбакистон тавлидот дар яке аз калонтарин корхонаҳои кишвар “Тоҷиксемент” коҳиш ёфтааст, мақомот талош доранд, бо истифода аз ангиштсанг истеҳсолотро дар корхонаҳои дигари сементбарорӣ бештар намоянд.