"Замондош": Додситони кулл -- сарватманди рақами 1-и Узбакистон
Рашид Қодиров, додситони кулли Узбакистон, дар феҳристи номгӯи сарватмандони ин кишвар мақоми аввалро касб кардааст.
Бино ба иттилои торнамои “Замондош”, Рашид Қодиров замоне ба ин мақом расидааст, ки Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон, як қисмати асосии сарвати худро дар натиҷаи пулшӯии Бонкҳои Шветсария аз даст дода буд.
Ин торнамо далели аслии аз рушд мондани иқтисоди Узбакистонро назорати қатъии кормандони додситонии ин кишвар алайҳи соҳибкорони узбак хондааст. “Зери назорату фишори мақомоти додситонӣ на танҳо соҳибкорону рӯзноманигорон, балки коршиносон низ қарор доранд”,- афзудааст “Замондош”.
Ба навиштаи “Замондош”, дар соли 2012 беш аз 20 ҳазор соҳибкор дар Узбакистон ба иттиҳоми содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ паси панҷара нишастаанд.
“Замондош” навиштааст, ҳамзамон дар иқтисоди Узбакистон мавқеи ширкатҳои бузург, ки давоми 5-6 соли ахир зери идораи пайвандони додситони кулли ин кишвар, Рашид Қодиров, қарор доранд, устувор шуда, шумораи ширкатҳо ва инситутҳои молии марбут ба ин шахс дар ҳоли афзоишанд. Дар ҳоли ҳозир Қодиров дар феҳристи сарватмандони узбак дар мақоми аввал қарор дошта, ин торнамо боигарии ӯро 1 миллиард доллар хондааст.
Ёдрас менамоем, ҳудуди 600 то 700 миллион доллари Гулнора Каримова дар бонкҳои Шветсария ба ҳабс гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки оилаи Қодиров дар беш аз 10 кишвари хориҷӣ ҳисоби бонкӣ ва ба номи худ амволи ғайриманқул доранд. Бахусус, дар Шветсария, Австрия, Ҷумҳурии Чех, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қибрис (Кипр).