46 миллион $ барои “серию пурӣ” дар Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаи арзишаш 45,9 миллион доллари амрикоӣ оғоз кард, ки ба таъмини амнияти ғизоии Тоҷикистон равона шудааст.
Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ мақсади лоиҳа беҳтар намудани истеҳсолоти кишоварзӣ ва ташкили ҷойҳои кории муваққатӣ дар дувоздаҳ ноҳияи Тоҷикистон мебошад: “Лоиҳа имкон медиҳад, ки зиёда аз 770 ҳазор нафар аҳолӣ дар дувоздаҳ ноҳияи вилояти Хатлон аз ҳосилнокии баланд, имкониятҳои иловагии ҷойи корӣ ва даромадҳои беҳтар баҳраманд шаванд.”
Ин лоиҳаи нав ба воситаи гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) дар ҳаҷми 18 миллион доллар ва гранти Барномаи Хазинаи трастии мултидонорӣ оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 27,9 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад, Шӯрои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз моҳи ноябри соли 2012 онро тасдиқ намуда буд.
Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон асосан соҳаи кишоварзиро маблағгузорӣ мекунад ва то имрӯз зиёда аз 280 миллион доллари амрикоӣ ба ин соҳа равона шудааст.
Алҳол маҷмӯи лоиҳаҳои фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 15 адад мебошанд, ки маблағи умумиашон 271 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.