Ишораи Моширӣ ба канорагириҳои Тоҷикистон аз Конвенсияи маълулон
Лайло Моширӣ, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми июн, зимни муаррифии ҳисоботи солонаи ин созмон, ки имсол ба кӯдакони маъюб бахшида шудааст, изҳор дошт, ки Тоҷикистону Белорусия дар ҳудуди ИДМ ягона кишварҳое мондаанд, ки то ҳол Конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи кӯдакони маълулро ба имзо нарасондаанд.
Моширӣ зимни суханронияш дар ин ҳамоиш гуфт, то моҳи феврали соли 2013, 155 кишвари дунё Конвенсияи СММ оиди ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдудро ба имзо расонда ва 130 ин конвенсияро аллакай тасвиб кардаанд.
Дар қатори кишварҳое, ки то ҳол конвенсияро имзо карда, ба тасвиб нарасондаанд, Лайло Моширӣ, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистонро ном бурд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Моширӣ дар Тоҷикистон 26,3 ҳазор кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2 ҳазорашон дар муассисаҳои статсионарӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намудаанд, ки Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро ба имзо расонад. Коршиносони умур мегӯянд, ин конвенсия ба кӯдакони маъюб имтиёзҳои зиёд барои табобат, таҳсил, ҷойи кор, дастрасӣ ба иншооти кӯмакрасони маъюбон ва ғайра пешбинӣ мекунад.
Аммо ҳукумати Тоҷикистон аз тасвиби конвенсия худдорӣ мекунад ва далели он камбуди маблағ арзёбӣ мешавад, чун баъди тасвиби конвенсия ҳукумат уҳдадор аст барои маъюбон имтиёзҳоро фароҳам орад ва ба ҷомеаи байналмилалӣ ҳисобот диҳад, вале барои ин маблағ надорад.
Тибқи иттилои ЮНИСЕФ дар ҷаҳон тақрибан як миллиард шахсони дорои имконияташон маҳдуд зиндагӣ мекунанд, ки ба даҳ нафари он як кудак рост меояд ва 80 дарсади онҳо дар кишварҳои рӯ ба рушд зиндагӣ мекунанд. Инчунин ба иттилои ин созмон дар ҷаҳон тақрибан 3,6 миллион кӯдаки маъюб дар ягон омори расмӣ сабт нашудаанд ва аз назарҳо дур мондаанд.