Муҳиддин Кабирӣ ба Женева шикоят хоҳад бурд, агар...
Вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, узви Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари ҲНИТ, мегӯяд, дар сурати ҳал нашудани баҳси ӯ бо шаҳрдории Душанбе, ба кумитаи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар дар Женева муроҷиат хоҳанд кард.
Бузургмеҳр Ёров дар сӯҳбат бо Озодагон гуфт, “ҳоло шикояти назоратӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе супорида шудааст ва бояд то 2 моҳи дигар парвандаро биомӯзанд. Бинобар ин, мо боварии комил дорем, ки вайҳо ҷавоби рад медиҳанд ва мо ҳатман ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят мебарем. Бояд Додгоҳи олӣ истеҳсолотро қатъ карда, ҳалномаи судиро бекор кунад. Агар дар ин марҳила ҳам, ки ин мушкил ҳалли қонунии худро наёбад, мо ба Додгоҳи Қонуни асосӣ ва минбаъд ба Кумитаи СММ Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон дар Женева муроҷиат мекунем, ки дар онҷо беш аз 24 ҳуқуқшинос аз тамоми мамолики дунё менишинанд. Бигзор, хулосаи ниҳоиро оид ба ин қазия онҳо бароранд.”
Соли гузашта ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли ҷорӣ қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.
Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ин ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хилофи қарори Додгоҳи олӣ мебошад, ки соли 2011 қабул шудааст. “Додгоҳи олӣ бо қабули қарор «Дар бораи таҷрибаи додгоҳӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ» узрхоҳии иҷбории шаҳрвандонро назди шахсият ва ё давлат комилан манъ кард. Аз ин хотир ҳукми додгоҳи Сомонӣ хилофи меъёрҳои қонунгузории кишвар мебошад. Илова бар ин, узрпурсии шаҳрвандро Кодекси шаҳрвандӣ низ муқаррар накардааст”,-таъкид кард вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ.